< КЕЛИНРО БА ХУДКУШӢ ВОДОР КАРД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

КЕЛИНРО БА ХУДКУШӢ ВОДОР КАРД

КЕЛИНРО БА ХУДКУШӢ ВОДОР КАРД
30.07.2019 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Абдуқаюмова Насиба Абдусатторовна 1981 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/ш Зафаробод, деҳаи Хайробод, кӯчаи Рӯдакӣ х.10, миллаташ ӯзбек, дастгир карда шуд. Номбурда, дар ҳавлии истиқоматии падараш, Абдуқаюмов Абдусаттор 1957 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/ш, Зафарабод, деҳаи Хайробод, кӯчаи Ҷӯраев х.13, мунтазам нисбати келинашон марҳум, Абдуқаюмова Дилфуза Акрамовна 1992 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/ш Зафаробод, маҳаллаи Ничонӣ, кӯчаи Ҷумъаев х.13, миллаташ ӯзбек, бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона намуда, шаъну шарафи ӯро паст мезадааст. Дар натиҷа охирон санаи 18.07.2019-сол тахминан соати 11:00-дақиқа дар ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматии падараш, Абдуллоев Акрам Турдиевич 1963 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/ш Зафаробод, маҳаллаи Ничонӣ, кӯчаи Ҷумъаев х.26, бо роҳи доркашӣ даст ба худкушӣ задааст. Нисбати шаҳрванд  Абдуқаюмова Н.А. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий