< ДУЗДОН 120 ҲАЗОР СОМОНИРО БА ЯҒМО БУРДАНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДУЗДОН 120 ҲАЗОР СОМОНИРО БА ЯҒМО БУРДАНД

ДУЗДОН 120 ҲАЗОР СОМОНИРО БА ЯҒМО БУРДАНД
29.07.2019 сол шаҳрванд Абдуалиев Лангари Ҳусейнович 1994 с\т, миллаташ тоҷик, соҳибкор, истиқоматкунандаи ҷ\д Сангтуда, деҳаи Сангтуда ба ШВКД ноҳияи Данғара муроҷиат намуд, ки санаи 22.07.2019 сол тахминан соатҳои 01 ба 02:00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи   шикастани тирезаи мағозааш, воқеъ дар деҳаи Сангтуда, ба дохили мағоза даромада, аз он ҷо 11-адад телефонҳои мобилии тамғаи “Самсунг” ва 8-адад телефони мобилии тамғаи “Нокиа”, ки арзиши умумиашон 4320-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

29.07.2019 сол шаҳрванд Исмоилзода Муҳаббати Сироҷиддин 1994 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи маҳ.2 х.180, ҳ.29 ба ШВКД шаҳри Турсунзода муроҷиат намуд, ки шаби 28 ба 29.07.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи  пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 3070-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

29.07.2019 сол шаҳрванд Сангинов Мақсудҷон Тоҳирович 1974 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯчаи М.Юнусов х.2, роҳбари сехи яхмосбарории ба номи “Баҳор”, воқеъ дар маҳ.16, ба ШВКД шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд, ки шаби 28 ба 29.07.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи  пинҳонӣ ба сехи яхмосбарориаш даромада, аз дохили сандуқи оҳанин (сейф) 120.000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд. 

29.07.2019 сол шаҳрванд Одинаев Абдусодиқ Саломович 1967 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Баҳор, деҳаи Зарафшон ба ШВКД шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуд, ки санаи  28.07.2019 сол тахминан соати 12.00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои тиллогин ва 250 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 800-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий