
28.07.2019 тахминан соати 00.20-дақиқа ронандаи а/м тамғаи “КИЯ-Кредос”, р/д 83-67 ВК/03 шаҳрванд Юсуфов Аслиддин Аҳмадбекович 1980 с/т, миллаташ тоҷик, нозири мизи ҳарбӣ ва бақайдгирии ҷ/д Калинин, истиқоматкунандаи ҷ/д Калинин, деҳаи Деҳқонобод, дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-поён”, дар ҳудуди деҳаи Истиқлоли ҷ/д Калинин аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, Мисоқов Дилшод Шуҳратович 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Калинин, деҳаи Калининро пахш намудааст. Дар натиҷа шаҳрванд Мисоқов Д.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)