< ҚАЛЛОБЗАН ДАСТГИР ШУД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҚАЛЛОБЗАН ДАСТГИР ШУД

ҚАЛЛОБЗАН ДАСТГИР ШУД
28.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Иномзода Ганҷина Иномҷон 1992 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Пугачёва х.15 дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи феврали соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Умаров Равшан Садриевич 1981 с/т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш директори ҶДММ “Порсон Хуҷанд”, истиқоматкунандаи ш.Хуҷанд, кӯч. И.Сомонӣ х.39/5 даромада, аз ӯ бо баҳонаи оварда додани гӯшти мурғ аз ҳудуди ФР ва Ҷумҳурии Қирғизистон 1.906.500-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Нисбати шаҳрванд Иномзода Г.И. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қ.4 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий