
28.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Пулотов Анваралӣ Абдуалиевич 1975 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Сарбанд, маҳаллаи Донакӯҳ, кӯч. Шабода х.9, ҳ.5, дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 27.07.2019 сол тахминан соати 22.00-дақиқа дар назди бинои истиқоматиаш бо бародараш, Пулотов Равшаналӣ Абдуалиевич 1976 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, нӯшоки спиртиро истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, шаҳрванд Пулотов А.А. бо корди хоҷагии дар дасташ буда, бо мақсади куштор 16-маротиба ба аъзои бадани бародараш, Пулотов Р.А. задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Пулотов Р.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказии н.Спитамен бистарӣ гардидааст. Нисбати шаҳрванд Пулотов А.А. парвандаи ҷиноятӣ бо модддаи 32 қ.3 - 104 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)