ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 37+42 дараҷа мерасад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорати ҳаво ба 37+42 дараҷа мерасад. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона 40+42 дараҷа гарм мешавад.
Комментарии (0)