
25.07.2019 хангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ шаҳрванд Зоҳиров Саъдӣ Абдухалилович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳ.Шерозӣ х.17/5, ҳ.5 дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 25.07.2019 сол тахминан соати 18.00-дақиқа хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ х.81, ҳ.62-ро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба шаҳрвандон Кабирова Баҳригул Маҳмадуллоевна 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Ҳисор, деҳ. М.Турсунзода ва Шукруллоев Мухаммад Нусратуллоевич 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Сурҳоб х.43 шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Комментарии (0)