
24.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаби 24 ба 25.07.2019 сол тахминан соати 03.30-дақиқа шахсони номаълум дар ҳудуди заминҳои хоҷагии ёрирасонии КТ “Тухмипарвар”-и ҷ/д Чоркӯҳ, ки ба шаҳрвандон Ҷобиров ХолматНурматович 1958 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Чоркӯҳ, деҳ. Хоҷа-Аъло, кӯчаи Дӯстӣ х.157 ва Қурбонов Ҷалол Сироҷович 1962 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Чоркӯҳ, деҳ. Хоҷа-Аъло, кӯчаи Сино х.176 тааллуқ дорад, қасдан хошоки хушки чорворо оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 1.500-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)