ҲОДИСАИ НОХУШ
22.07.2017 сол тахминан соати 19:00 дақиқа ноболиғ, Ҳайдарова Суғдиёна 2002 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Сомониён, деҳаи Ӯзбекқишлоқ, кӯч. Тоҷикистонх.26, хонандаи синфи 4-уми МТМУ №11, ҳангоми дар саҳрои ҳудуди деҳаи Ӯзбекқишлоқ чаронидани ҳайвони майдаи шохдор, аз беэҳтиётиаш ба канали обдор афтида ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. 23.07.2019 сол тахминан соати 17:30 дақиқа шаҳрванд Эсанов Комрон Мардонович 1999 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Амондара, деҳаи Майкатта, ҳангоми оббози кардан дар дарёи «Зарафшон», воқеъ дар деҳаи Ғӯсар, ҷ/д Л.Шералӣ, аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
23.07.2019 сол тахминан соати 15:30 дақиқа шаҳрванд Ашуров Ҷонмаҳмад Абдураҳимович 1981 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Роҳатӣ, деҳаи Шайхон, ҳангоми чаронидани говҳояш, воқеъ дар чароггоҳи деҳаи Шайхон, аз беэҳтиётиаш аз баландии тахминан 500-600-метр ба замин афтида, ба ҳалокат расидааст.
Комментарии (0)