СӮИҚАСД БА ХУДКУШӢ
22.07.2019 тахминан соати 07.50-дақиқа шаҳрванд Дониёри Шералӣ 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи маҳаллаи И.Сомонӣ х.47, шаҳри Кӯлоб дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш худро бо роҳи доркашӣ сӯиқасд ба худкушӣ намуда, аз тарафи писари амакаш, Ҳасанов Муҳаммадҷон Мирзоевич 1990 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, наҷот дода шуда, дар беморхонаи марказӣ бистарӣ гардидааст. 22.07.2019 тахминан соати 18.35-дақиқа шаҳрванд Чоршанбиев Далер Юсуфович 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. М.Миршакари шаҳри Хоруғ, дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиашон бо шишапораи дар дасташ буда, 1-маротиба гарданашро бурида сӯиқасд ба худкушӣ намуда, аз тарафи падараш, Чоршанбиев Юсуф Бахтдавлатович наҷот дода шуда, дар беморхонаи марказӣ бистарӣ гардидааст. Сабаби даст задан ба худкушӣ муайян карда мешавад.
Комментарии (0)