
22.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Б.Ғафуров муайян карда шуд, ки шаҳрванд Мирсолиев Фаррух Икромович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, соҳибкори инфиродӣ, истиқоматкунандаи ш.Хуҷанд, маҳаллаи-18, х.58, ҳ.12, дар асоси шартномаи қарзии аз филиали ҶСК «Агроинвестбонк»-и н. Б.Ғафуров барои васеъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ба маблағи 70.000-доллари ИМА ба мӯҳлати 18-моҳ кредит гирифтааст. Қарзи гирифтааш ба ҳолати то 20.07.2019 сол ба маблағи умумии 92.568-доллари ИМА–ро ташкил медиҳад, ки то ҳол пардохт накарда, аз соли 2013 берун аз кишвар, яъне дар ИМА қарор дорад. Барои дастгир намудани шаҳрванд Мирсолиев Ф.И. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 246 қ.3 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)