< ДАР ТОҶИКИСТОН 190 НАФАРИ СИННАШОН АЗ 100 БОЛО ЗИНДАГӢ МЕКУНАНД! » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДАР ТОҶИКИСТОН 190 НАФАРИ СИННАШОН АЗ 100 БОЛО ЗИНДАГӢ МЕКУНАНД!

ДАР ТОҶИКИСТОН 190 НАФАРИ СИННАШОН АЗ 100 БОЛО ЗИНДАГӢ МЕКУНАНД!
Агентии омори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 16 феврал дар нишасти хабариаш як силсила рақамҳоти ҷолибро дар бораи таркиби аҳолии кишвар нашр кард.
Бино ба иттилои ин ниҳод, то 1 январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 190 нафари синнашон аз 100 боло зиндагӣ мекарданд. 99 занфари онҳо занҳо ва 91 нафараш мардҳо будаанд.
Дар умум, бар асоси  барӯйхатгирӣ ё нуфусшумории моҳи октябри соли 2020, шумораи аҳолии Тоҷикистон 9 миллиону 661 ҳазору 600 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷамъи аҳолии кишвар4 миллиону 901 ҳазор нафарро мардон ва 4 миллиону 760 ҳазор нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Шумораи мардҳо назар ба занҳо тақрибан 140 ҳазор нафар бештар будааст.
Бар асоси натиҷаҳои нуфусшумории ахир, аксари аҳолии Тоҷикистон: 7 миллиону 133 ҳазор нафар ё 73,8 фоизи аҳолӣ дар деҳот ва ҳамагӣ чоряки аҳолӣ: 2 миллиону 528,7 ҳазор нафар, ё 26,2%  аз ҷамъи аҳолӣ дар шаҳрҳо ба сар мебаранд.
Дар 10 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафар бештар шудааст. Аз ҷумла аҳолии шаҳр дар ин муддат 522 ҳазор нафар, ё 26% зиёд шуда, шумораи аҳолии деҳот 1 миллиону 575,1 ҳазор нафар, ё 28,3% афзудааст.
Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки шумораи аҳолиаш бо суръат меафзояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий