< Солеҳ: Мулло Ҳийбатуллоҳ мурдааст ва толибон дар бораи ӯ овозаҳои дурӯғ паҳн мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Солеҳ: Мулло Ҳийбатуллоҳ мурдааст ва толибон дар бораи ӯ овозаҳои дурӯғ паҳн мекунанд

Солеҳ: Мулло Ҳийбатуллоҳ мурдааст ва толибон дар бораи ӯ овозаҳои дурӯғ паҳн мекунанд
Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи раисҷумҳури Афғонистон дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, толибро ба ҳадде бадбинӣ ва рад мекунанд, ки касе ғайри толибҳо омода нест бо онҳо созиш кунад, навиштааст, Sputnik Афғонистон.

"Ҳеҷ кишвар омода нест, ки бо толибон ҳамкорӣ кунад ва ба худ доғи сиёҳ бигирад. Ҳар яке мунтазири дигареест, ки таъми талх ва бадбӯйро аввал начашад. Толиб чунон зишт ва бадном аст, ки Равалпиндӣ чун падар ҷуръати шинохтани ӯро надорад”, - афзуд Солеҳ.

Оқои Солеҳ гуфт, бархе аз афғонҳо ё бо толибон меҷанганд ва ё аз дасти толибҳо ба кишварҳои дигар фирор мекунанд.

“Касе, ки на дар ҷанг ва дар роҳи тарки Ватан нест, дар асорат аст ва лаҳзаҳои оғози ҷанги бузург ё тарки ватанро ҳисоб мекунад”, - илова кардааст Солеҳ.
Муовини раисҷумҳури пешини Афғонистон гилова кард, ки изҳороти ин гурӯҳ рӯз то рӯз хандаовартар мешавад.

Вай ахиран бори дигар таъкид кард, ки Мулло Ҳийбатуллоҳ мурдааст ва толибон дар бораи зинда будани ӯ овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий