< Чаро Ҷинпин бо Путин "салом" накард: шарҳи Кремл » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чаро Ҷинпин бо Путин "салом" накард: шарҳи Кремл

Чаро Ҷинпин бо Путин "салом" накард: шарҳи Кремл
Мулоқоти президенти Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бидуни дастфишорӣ сурат гирифт, зеро ҳамкасбони чинӣ инро ба далели вазъ COVID дархост кардаанд.

Дар ин бора Владислав Китаев, раиси протоколи кишвардори Русия, дар барномаи "Москва. Кремл. Путин" дар мусоҳиба бо Павел Зарубин гуфт.

Зимни мусоҳиба аз Китаев пурсида шуд, ки чаро Путин ва Си Ҷинпин ҳангоми мулоқот дастфишурӣ накарданд, ҳарчанд қаблан ҳама вақт дастфишорӣ ҷой дошт .

"Хуб, на ҳамеша. Хонум Меркел (собиқ садри аъзами Олмон Ангела - идора.), ки моҳи августи соли гузашта аз Маскав боздид кард, аз протоколи ӯ низ дархост шуда буд, ки бо ӯ дастфишорӣ нашавад. Барои ҳамин мо ба ӯ гулдаста такдим кардем", - гуфт ӯ.

Ба қавли Китаев ҳамаи ин амалиёт пешакӣ мувофиқа шуда буд. Китаев мегӯяд ин дафъа ҳам ҳамкасбони чинӣ хоҳиш карданд, ки бе дидор бе дастфишорӣ сурат гирад.

"Ин ягон ҷиноят нест. Ва бо ин розӣ шудем. Президент медонист, ки ба кишвардори Чин бояд даст дароз накунад", - гуфт Китаев.

Китаев афзуд, дар ин тасмим ягон сигнали сиёсӣ вуҷуд надорад.

"Мутлақо. Бе ягон сиёсат. Ин як кӯшиши ҷилавгирӣ аз баъзе хатарҳо ва мушкилиҳои марбут ба коронавирус аст", - таъкид кард роҳбари протоколи президенти Федератсияи Русия.

Роҳбари протокол ба саволи рӯзноманигор дар бораи муносибати Путин ба дархости ҳамкасбонаш дар бораи тағйир додани протокол дар ҷаласаҳо бар асари коронавирус низ, посух дод.

"Барои ман гуфтан душвор аст, ки дигар раҳбарон чӣ муносибат доранд, аммо кишвардори мо муносибати хуб дорад. Агар аз ҳамкорон ягон дархосте шавад, ҳамеша хоҳиши онҳоро иҷро мекунад", - гуфт Китаев.

Аз ин рӯ, баъзан раҳбарони давлат ҳамдигарро ба оғӯш мекашанд ва гоҳе дар сари суфра суҳбат мекунанд, афзуд Китаев.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий