Воридоти техника аз Ҷопону Корея осон мешавад: Вазир суди созишнома бо Покистонро гуфт
Вазири нақлиёти Тоҷикистон фаҳмонд, созишнома дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ бо Покистон, ки парлумон дар ҷаласаи ахир тасвиб кард, чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад.
Азим Иброҳим мегӯяд, мақсади асосии ин созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон, пайдо намудани роҳҳои баромад ба бандарҳои баҳрӣ мебошад. Ӯ таъкид намуда, ки ин тавофуқот барои интиқолдиҳандагони бори ватанӣ имконоти васеи дастрасӣ ба ҷуғрофиёи навро фароҳам месозад.
"Аз ҷумла барои баромад ба бандарҳои Карочӣ ва Гвадари Покистон, барои амалӣ намудани ҳамлу нақли мултимодалӣ ва пайвастшавӣ ба Долони иқтисодии Чину Покистон мусоидат хоҳад кард", - овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Иброҳим.
Ба гуфтаи вазири нақлиёт тавофуқоти мазкур барои интиқоли техникаю фановариҳои ҷадид, қисмҳои эҳтиётию равғанҳои молиданӣ, ки асосан аз Ҷопон, Малайзия, Сингапур ва Кореяи ҷанубӣ ворид мегарданд, шароит фароҳам меоранд.
Омили муҳими дигар дар он арзёбӣ шуд, ки ин як роҳи алтернативии интиқоли бор аз Тоҷикистон мебошад, ки ба гуфтаи вазири нақлиёт дар шароити ҳозира муҳим мебошад.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)