Дар Чин як қисми шоҳроҳ фурӯ рехт - видео
Бар асари фурӯрезии як қисми шоҳроҳ дар вилояти Ҳубей чаҳор нафар ба ҳалокат расиду ҳашт нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.
Ҳоло, мақомоти маҳаллӣ сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Ин ҳодиса дар шаҳри Эчжоу рух додааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба телевизиони марказии Чин.
То ҳол бо сабабҳои номаълум қисмати 500-метрии пуле, ки дар болои сутунҳои оҳану бетонӣ қарор дошт, қариб 90 дараҷа гардиш карда, афтод ва шоҳроҳи дигареро, ки дар зери он ҷойгир аст, бастааст.
Дар натиҷаи садама се мошини боркаш аз купрук сарозер шуданд. Ҳамчунин, ҳангоми фурӯпошии иншоот як мошини мусофирбар, ки лаҳзаи садама аз зери пул мегузашт, пахш шуд.
Манбаъ меафзояд, ҳоло корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳодиса идома дошта, сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешаванд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)