< Иштироки Шералӣ Кабир дар маросими ёдбуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Туркия » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Иштироки Шералӣ Кабир дар маросими ёдбуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Туркия

Иштироки Шералӣ Кабир дар маросими ёдбуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Туркия
Тавре сафорати Тоҷикистон дар Анқара форуми тиҷоратӣ дар ҳошияи сафари расмии Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба Туркия сурат мегирад.

Манбаъ ҳамзамон таъкид доштааст, ки қарор аст, Шералӣ Кабир дар маросими 748-солагии маросими “Шаби арӯс” (ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ) иштирок намояд.

Ёдрас мешавем, ки 16 декабр дар шаҳри Қунияи Туркия Бизнес-Форуми Тоҷикистон ва Туркия баргузор мегардад.

Дар форуми мазкур намояндагони зиёда аз 150 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла саноати фармасевтӣ, саноати нассоҷӣ, молияву бонкдорӣ, маъдан, логистикӣ, истеҳсоли мошинаҳо, маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ ва тиҷорат, инчунин вазорату идораҳои давлатии ҷонибҳо иштирок хоҳанд кард.

Қарор аст, дар ҳамоиши мазкур миёни тоҷирони Тоҷикистону Туркия чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расад.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий