< Оҷонсии Оқохон барои осебдидагони офати табиӣ дар Тоҷикистон паногоҳ бунёд кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оҷонсии Оқохон барои осебдидагони офати табиӣ дар Тоҷикистон паногоҳ бунёд кард

Оҷонсии Оқохон барои осебдидагони офати табиӣ дар Тоҷикистон паногоҳ бунёд кард
Дар деҳаи Калтаҳои шаҳри Роғун барои осебдидагони офатҳои табиӣ сарпаноҳ бунёд гардид. Дар ин бора котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи паногоҳ, сардори Идораи наҷоти кишвар ва сарвари бахши оҷонсии Оқохон оид ба муҳити зист, Ҳодӣ Ҳусайнӣ иштирок намуданд.

Бунёди сарпаноҳ бо ташаббуси КҲФ ва бодастгирии Оҷонсии Оқохон ва дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт.
Манбаъ меафзояд, раиси КҲФ ба намояндагони аҷонс изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ба мисли ин паногоҳ боз бунёд гардидани чор сарпаноҳи дигар дар назар аст.

"Ин паноҳгоҳ ҳамчун маъво барои зарардидагону осебёфтагони офатҳои табиии эҳтимолӣ хидмат хоҳад кард ва он хатари хисорати бештар ва зарар ба ҷони инсонҳоро коҳиш медиҳад", - омадааст дар хабарномаи КҲФ.

Сарпаноҳи бунёдгардида аз як хона иборат аст, ки тамоми шароити рӯзғорро дарбар дорад. Дар ин хона муваққатан ҷо додани 50 нафар зарардидагони офати табиӣ имконпазир аст.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий