< Роҳбари AMC Fight Nights аз қарзи Чоршанбеев гуфт: "Надиҳад, бо дигар забон гап мезанем" » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Роҳбари AMC Fight Nights аз қарзи Чоршанбеев гуфт: "Надиҳад, бо дигар забон гап мезанем"

Роҳбари AMC Fight Nights аз қарзи Чоршанбеев гуфт: "Надиҳад, бо дигар забон гап мезанем"
 Варзишкори ҳунарҳои размии омехта - ММА, Чоршанбе Чоршанбеев, ки ахиран қарори депорташ аз Русия содир шуд, аз созмони AMC Fight Nights қарздор мебошад.

Дар ин бора Комил Гаҷиев, президенти AMC Fight Nights, дар ҳошияи мусобиқа ба хотири Абдулманап Нурмуҳаммадов дар Саратов ба рӯзноманигорон хабар додааст.

"Ӯ барои муҳориба гонорар гирифт ва он фоизе, ки ба Fight Nights тибқи созишнома пешбинӣ шуда буд. Ман дар бораи дастфишории мардона ҳанӯз намегӯям. Ӯ ҳанӯз онро пардохт накардааст", - изҳор доштаст Гаҷиев.

Ба гуфтаи Гаҷиев, феълан Чоршанбиев ва менеҷераш ба тамос набаромада истодаанд. Дар зимн таъкид кард, ки варзишкор рӯирост аз пардохти маблағ сарпечӣ накардааст.

"Чоршанбе Fight Nights-ро ҳамон рӯзе фиреб хоҳад дод, ки гӯяд маблағро пардохт намекунад. Аммо ӯ чунин нагуфт. Вай изҳор дошт, ки сабқат мекунад, пулро медиҳад. Баъди ин ҳанӯз муҳорибае надоштааст", - тавзеҳ дод Гаҷиев.

Дар сурати саркашӣ аз додани маблағ бо Чоршанбиев "бо забони дигар суҳбат сурат мегирад", ҳушдор додаст президенти промоушен.
Гаҷиев изҳор доштааст, ки маъруфияти Чоршанбиев ва "хайп" атрофи ӯ ба ҳадди пешина нест.

Ин дар ҳолест, ки ахиран додгоҳи Маскав, Чоршанбиевро барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия панҷ ҳазор рубл ҷарима баста, барои ихроҷи маҷбурияш аз Русия қарор кард. Таъкид шуд, ки то ихроҷ, Чоршанбиев дар боздоштгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳдорӣ шавад.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий