Ду хонаводаи зарардида аз сел дар Панҷакент соҳиби хона шуданд - акс
Дар вилояти Суғд ду оилаи зарардида аз офати табиӣ соҳиби манзил шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии мақомоти шаҳрдории Панҷакент.
Ҳамин тавр, ду манзили нав барои хонаводаҳои деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бунёд гардидааст.
Тибқи гузориши манбаъ, калиди хонаҳоро раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳибонаш супоридааст.
Хонаҳои истиқоматӣ ба Нуров Ғолибҷон ва Ҷумъаева Ҳилола, ки манзили зисташон дар натиҷаи селфароӣ хароб гардида буд, супурда шуд.
Чуноне қайд мешавад, манзилҳо бо дастгирии ҳукумати кишвар сохта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳҳои июл ва августи соли ҷорӣ се манзили ҷамоати деҳоти Ёрӣ осеб дидаанд.
Феълан сохтмони хонаи сеюм давом дорад ва ба наздикй ба истифода дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки 19 июли соли 2021 дар ҳудуди чаҳор ноҳияи вилояти Суғд сел фаромад.
Тибқи гузориши КҲФ Тоҷикистон бар асари ин офати табиӣ ба 15 манзили истиқоматии ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент, заминҳои наздиҳавлигӣ, се километр роҳи деҳа низ шуста шуда, 35 сар чорвои калони шохдор ва моли майда нобуд шуд.
Сел дар Тоҷикистон бар асари обшавии пиряхҳо бар асари гармии ҳаво рух медиҳад.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)