Мастчоҳ аз лимити барқ озод мешавад
Дар ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ сохтмони зеристгоҳи барқии 110/35/10 КкВт оғоз гардид. Дар ин бора ҳокимияти ин ноҳия хабар додааст.
Манбаъ меафзояд, зеристгоҳи барқӣ бо маблағгузории филиали ҶСК шабакаҳои тақсимот ва интиқоли нерӯи барқи шаҳри Гулистон сохта мешавад. Ҳадафи сохтмони ин зеристгоҳ кам кардани сарбории зеристгоҳи барқии 3510 ва "Дилварзин-1" мебошад.
Гуфта мешавад, бо сохта шудани зеристгози мазкур дар ин минтақа як трансформатор бо тавоноии 16 кВа ва 4 адад чашмакҳои содиротӣ васлу насб мегарданд.
Дар натиҷа бори зеристгоҳи барқии 3510 ва "Дилварзин-1" сабук гашта, сифати шиддат мувофиқи меъёр таъмин мегардад ва талафоти неруи барқ дар ин минтақа аз байн меравад- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 12 адад зеристгоҳҳои барқӣ мавҷуд буда, ҳамасола ба аҳолӣ тавассути онҳо нерӯи барқ интиқол дода мешавад.
Қатъи интиқоли барқ дар кишвар аз нимаҳои моҳи сентябр шуруъ шуда, то ҳоло идома дорад.
Масъулони идораҳои тақсимоти барқ қаблан хомӯшкунии барқро ба ҷараёни таъмир дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои интиқоли барқ шарҳ дода, мегуфтанд, ин ҳама корҳои профилактикӣ буда, барои дар фасли сармо бе мушкил расонидани барқи доимӣ ба аҳолии роҳандозӣ аст.
Сокинон мегӯянд, барф ҳам бориду ҳаво ба таври қобили мулоҳиза сард шуд, вале ҳамоно мушкили қатъи барқ идома дорад.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)