< Се гурӯҳи мардон, ки метавонанд ҳамсари дувум гиранд: Шарҳи руҳонӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Се гурӯҳи мардон, ки метавонанд ҳамсари дувум гиранд: Шарҳи руҳонӣ

Се гурӯҳи мардон, ки метавонанд ҳамсари дувум гиранд: Шарҳи руҳонӣ
Шартҳои шариат барои гирифтани ҳамсари дувумро Шамил Аляутдинов, рӯҳони номи Русия, имомхатиби Масҷиди мемориалии Маскав ном бурд.

Ба гуфтаи ин руҳонӣ, ки муаллифи даҳҳо китоби диниву психологӣ мебошад, агар таъмини адолат шарти асосии иҷозаи гирифтани ҳамсари дувум бошад, фақеҳон як қатор омилҳоеро номбар кардаанд, ки мард метавонад никоҳи дигар кунад.

“Аз ҷумла, безурриётии ҳамсари якум, шароити баъдиҷангӣ, ки шумораи занон назар ба мардон бештар бошад, хусусияти физиологии мард ва ғайраҳо”, -номбар мекунад Аляутдинов.

Вай таъкид мекунад, ки ҷузъи асосии ақди никоҳ таъминоти моддии оила мебошад, ки онро 100 дар сад худи шавҳар бояд кафолат диҳад.

Дар мавриди бисёрзанӣ шавҳар вазифадор аст, ки барои ҳарду оила комилан таъминотро чӣ аз ҷиҳати манзилу ҷиҳоз ва чӣ аз лиҳози молӣ якхела кунад.

Дар ҳамин ҳол, Шамил Аляутдинов хиёнат – зинои ҳамсарро аз бузургтарин гуноҳҳо унвон мекунад. Вай мегӯяд, марде ва ё зане ба худ иҷозаи ин гуноҳро медиҳад, ки дар назди худаш ягон арзиш надорад, афзун бар ин охирати худро месӯзонад.

“Ислом ҷазои хиёнатро ҳукми қатл гуфтааст. Аммо тасмим дар бораи ҳукми қатлро танҳо як мақоми расмии давлатӣ метавонад қабул кунад.

 Агар дар низоми судии давлат ин гуна қонунҳо вуҷуд надошта бошанд, марди хиёнаткор арзиши хасеро надорад. Гуноҳе, ки содир кардааст, ки ба ҷонаш баробар аст ва метавонад онро танҳо дар дӯзах бишӯяд”, - таъкид намуд Аляутдинов.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий