< Таркиши дигар дар Кобул » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Таркиши дигар дар Кобул

Таркиши дигар дар Кобул
Дар пойтахти Афғонистон як мошини пур аз маводи тарканда мунфаҷир шуд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.

Таркиш дар маҳаллаи Дашти-Барчии Кобул, воқеъ дар ғарби пойтахти Афғонистон рух дод.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар натиҷаи ин ҳодиса одамон ҷароҳат бардоштаанд, аввалин захмиён аллакай дар беморхона бистарӣ шуда буданд.
Тибқи иттилои пешакӣ, ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки минаи магнитие, ки дар мошин гузошта шуда буд, таркидааст.

Дигар ҷузъиёти ин таркиш ошкор нашудааст.

Бино ба гузориши муовини сухангӯи толибон Имонулло Самангонӣ дар паи ин таркиш 1 тан ҳалок шудааст. Аз теъдоди захмиён то кунун хабар дода нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз ҳам дар як масҷиди Афғонистон таркиши шадиде рух дод. Дар натича се кас кушта ва 15 тан захмӣ шуд.

Мақомот алакай се нафарро бо гумони даст доштан дар ташкили ҳамлаи террористӣ боздошт кардаанд.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий