< Ду куштори даҳшатбор дар Тоҷикистон: келин хушдоманашро кушту мард ҳамсарашро » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ду куштори даҳшатбор дар Тоҷикистон: келин хушдоманашро кушту мард ҳамсарашро

Ду куштори даҳшатбор дар Тоҷикистон: келин хушдоманашро кушту мард ҳамсарашро
Дар ноҳияи Фархор зани 55-соларо келинаш бо ду зарби корд ба қатл расондааст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сокини 55-солаи ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор дар манзили зисташ бо келини 31-солааш муноқиша намудааст.

Зимни муноқиша келини хонавода бо ду зарби корд хушдоманашро сахт маҷрӯҳ намуд. Манбаъ меафзояд, аснои ба бемористон интиқол додани зан ӯ ҷон додааст.

Ҳамчунин як ҳодисаи дигари куштор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифтааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, марди 27-сола ҳамсари аз худ ду сол хурдашро барои суҳбат назди хоҷагии коммуналии шаҳраки Ғафурови ноҳияи мазкур даъват намуда, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо корд 13 маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст.

"Ҷавонзани 25-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабари вазорат.

Пас аз қатли ҳамсараш мард се бори дигар ба бадани худаш корд задааст ва ҳоло ӯ дар бемористон қарор дорад.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур идома дорад.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий