Раҳимзода ба роҳгузаре, ки сӯхторро дар маркази Душанбе хомӯш кард, медал дод - видео
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, медали "Далерӣ" ба Зафар Хадиров дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи милиса аз сӯи генерал - полковник Рамазон Раҳимзода супорида шуд.
Ба иттилои манбаъ, Хидиров ними шаб дар истгоҳ дар маркази Душанбе рух додааст ва Хидиров, ки роҳгузар будааст, онро мустақилона хомӯш намудааст.
Вазорати умури дохилӣ тавзеҳ дод, ки сӯхтор шаби 2-юм ба 3-юми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 02:00, дар истгоҳи назди меҳмонхонаи “Авесто” дар нуқтаи тезтайёр ба амал омадааст. Таъкид шуд, ки Хидиров ҳолатро дида, бетарафӣ зоҳир накарда, бонро хомӯш намуд.
Дар Тоҷикистон қаблан низ мақомоти умури дохилӣ шаҳрвандонро барои зоҳир накардани бетарафӣ ва нишон додани шуҷоату ташаббускорӣ дар кумак ба атрофиён бо медал қадрдонӣ карда буд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)