Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Хоруғ": Мошин ба дарё сарозер шуду се мусофир фавтид
Дар шоҳроҳи "Душанбе- Рӯшон-Хоруғ" садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод.
Хабари сонеҳаи нақлиётиро дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода нашр карда, зикр намудааст, ки ҳодисаи нохуш рӯзи 1 ноябр дар километри 474 -уми ин шоҳроҳ рух додааст.
Манбаъ меафзояд, мошини тамғаи "Тайота Ҳундай", ки ба НБО "Роғун" мутааллиқ аст дар мавзеи деҳаи Шпати ноҳияи Рӯшон ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Сабаби сарозер шудани мошин ба дарёро КҲФ зикр накардааст.
Ин ниҳод дар идома қайд намудааст, ки дар натиҷаи сарозер шудани мошин ронанда бо мусофирони худ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
КҲФ мегӯяд, ду нафар ҳалокшудагон сокинони ноҳияи Роштқалъа буда, як тани дигар сокини ноҳияи Ёвон будааст.
Тафсилоти бештари ин ҳодиса феълан норӯшан аст ва мақомоти дахлдор дар ин самт фаъолият мебаранд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)