< Шикояти сокини Рӯдакӣ ба милиса: Ҳаммаҳалаш се мошину пули калони ӯро гирифту барнагардонд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шикояти сокини Рӯдакӣ ба милиса: Ҳаммаҳалаш се мошину пули калони ӯро гирифту барнагардонд

Шикояти сокини Рӯдакӣ ба милиса: Ҳаммаҳалаш се мошину пули калони ӯро гирифту барнагардонд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ кормандони милиса ҳодисаи қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ошкор намудаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст.

Ба гуфтаи муроҷиаткунанда, ӯро як сокини ҷамоати деҳоти Русияи ҳамин ноҳия фиреб додааст.

Ин мард ба ҳаммаҳали 31-солаи худ барои рушди тиҷораташ 275 ҳазор сомонӣ қарз додааст. Илова бар ин ба ӯ се адад автомашинаи "Опел-Зефира", "Опел-Астра" ва "Опел-Вектра" додааст, ки ин се худравро 230 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда буданд.

Тибқи шикояти сокини Рӯдакӣ, бо гузашти 5 моҳ қарзгиранда на мошинҳояшро овардаву на маблағро.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, шикояткунанда ҳудуди 5050 ҳазор сомонӣ фиреб хӯрдааст ва ҳоло тафтишоти ин ҳодисаро кормандони милиса идома медиҳанд.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий