< Гуруҳи тоҷикистониёни дармонда дар Осетияи Ҷанубӣ ба Ватан баргардонда шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Гуруҳи тоҷикистониёни дармонда дар Осетияи Ҷанубӣ ба Ватан баргардонда шуданд

Гуруҳи тоҷикистониёни дармонда дар Осетияи Ҷанубӣ ба Ватан баргардонда шуданд
Гуруҳи 18-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Схинвали дармонда буданд, ба Ватан баргардонда шуданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як изҳорот гуфт, ин гуруҳи 18-нафарӣ бо сабабҳои гуногун дар шаҳри Схинвал дармонда буданд.

 Мушаххас омилҳои дармонӣ зикр нагардидаанд.

Манбаъ афзуд, барои сафари ин гуруҳ ба Тоҷикистон, ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шуд ва таъкид кард, ки чунин мусоидат барои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон мунтазам анҷом дода мешавад.

Ҳолатҳои дармондани муҳоҷирон дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия, қаблан низ рух дода буданд ва махсусан дар шароити пандемия чунин муроҷиатҳо аз ҷониби муҳоҷирон афзоиш ёфта буданд.

Чанд моҳи қабл сафорати Тоҷикистон аз баргардондани гуруҳи 10-нафарии муҳоҷирон аз Осетияи Ҷанубӣ хабар дода буд, ки миёнашон занон ва кӯдакон низ буданд.

Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий