ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе ба 24+26 дараҷа мерасад. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 9+14 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.
Комментарии (0)