< Иттиҳоди Аврупо: Ҳазорон хонаводаи селзада дар Афғонистон ниёзманди кумак ҳастанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Иттиҳоди Аврупо: Ҳазорон хонаводаи селзада дар Афғонистон ниёзманди кумак ҳастанд

Иттиҳоди Аврупо: Ҳазорон хонаводаи селзада дар Афғонистон ниёзманди кумак ҳастанд
​Ин созмон рӯзи панҷшанбе, 7-уми май гузориш додааст, ки бо ҳамкории Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (IFRC), кумакҳои фавриро барои осебдидагони селобҳо дар Афғонистон ироа мекунад.

Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки ҳадафи ин кумакҳо, ҳимоят аз хонаводаҳо барои таъмини ниёзҳои фаврӣ ва кумак ба бозсозии зиндагии онон пас аз селобҳо аст.

Дар ҳафтаҳои ахир, селобҳои шадид дар бахшҳое аз Афғонистон хисороти густардае ба хонаҳо, заминҳои зироатӣ ва зерсохтҳо ворид карда ва ҳазорон танро таҳти таъсир қарор додааст.

Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий