< Як шаҳрванди Ӯзбекистон бо иттиҳоми куштори генерали рус ба ҳабси абад маҳкум шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Як шаҳрванди Ӯзбекистон бо иттиҳоми куштори генерали рус ба ҳабси абад маҳкум шуд

Як шаҳрванди Ӯзбекистон бо иттиҳоми куштори генерали рус ба ҳабси абад маҳкум шуд
Додгоҳе дар Маскав Аҳмадҷон Қурбонов, шаҳрванди Ӯзбекистонро бо иттиҳоми куштори генерал-лейтенант Игор Кириллов, сардори Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия, ба ҳабси абад ва пардохти 1 млн рубл маҳкум кардааст.
Расонаҳои русӣ рӯзи 21-уми январ хабар додаанд, ки се гумонбари дигар дар ин қазия — Роберт Сафарян, зодаи Озарбойҷон (гумонбар дар расонидани маводи тарканда ба омили ҳамла), Батухан Точиев ва Рамазон Падиев, зодагони Ингушистон (гумонбар ба додани манзили иҷора ба ҳамлагар) ба муҳлати 25, 22 ва 18 сол равонаи зиндон шудаанд. Точиев ва Падиев, ҳамчунин, ба миқдори 200 ҳазор рублӣ ҷарима шудаад.Ба иддаъои мақомоти Русия, Аҳмадҷон Қурбонов «ба гуноҳи худ» эътироф кардааст, аммо дигар маҳкумшудагон даст доштанашонро дар ин ҳамла рад кардаанд.


Игор Криллов аз соли 2017 фармондеҳи Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия буд

Игор Кириллов, ин генерали Русия ҳамроҳ бо ёвараш 17-уми декабри соли 2024 дар пайи таркиш дар наздикии хонааш дар Маскав кушта шуд. Муфаттишон гуфта буданд, ки маводи тарканда дар як «скутер"-и барқӣ гузошта шудааст.

Се рӯз пас аз ин ҳодиса, Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди 31-солаи Ӯзбекистон дар деҳаи Черное, ноҳияи Балашиха, вилояти Москва дар пайванд ба ин ҳодиса хабар дода буд.

Дар наворе, ки аз лаҳзаи иқрори ӯ дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд, гумонбар  мегӯяд, ки аз ҷониби хадамоти махсуси Украина ҷалб шудааст ва барои содир кардани ин ҷиноят ба ӯ 100 ҳазор доллар ва муҳоҷират ба яке аз кишварҳои Аврупо ваъда дода буданд. Ин навор таҳти чӣ шароит сабт шуда буд, маълум нест.

Он замон  BBC бо такя ба манбаъҳои худ дар Хадамоти амнияти Уркаина навишта буд, ки «таркише, ки дар он Игор Кирилов ҷон дод, натиҷаи амалиёти махсуси Хадамоти амнияти Украина  аст».

Як рӯз пеш аз ҳодиса, Хадамоти амнияти Украина Кириловро дар истифодаи оммавии силоҳи кимиёвии манъшуда бар зидди Неруҳои мусаллаҳи Украина дар шарқ ва ҷануби кишвар гумонбар дониста гуфта буд, ки таҳти фармондеҳии генерал лейтенант Кирилов қариб 5 ҳазор дафъа аз силоҳи кимиёӣ истифода бурдааст. Хадамоти амнияти Украина Кириловро шахсан масъули ин амал номида, зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

Кириллов аз моҳи апрели соли 2017 сардори неруҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия буд. Ӯ яке аз фармондеҳони баландпояи Вазорати дифои Русия ба шумор мерафт пас аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина бо баргузории брифингҳои мунтазам барои рӯзноманигорон маъруф гардид. Ӯ борҳо иддао карда буд, ки Киев ба таҳияи силоҳи кимиёвӣ ва биологӣ даст дорад.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий