< Маълум шуд, дар Ӯзбекистон барои табобати як бемори COVID - 19 чанд млн сарф мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Маълум шуд, дар Ӯзбекистон барои табобати як бемори COVID - 19 чанд млн сарф мешавад

Маълум шуд, дар Ӯзбекистон барои табобати як бемори COVID - 19 чанд млн сарф мешавад
Дар Ӯзбекистон барои табобати як бемори гирифтори коронавирус, бо вазъи миёна, 32 миллион сум ( беш аз 32 ҳазор сомонӣ ) масраф мешавад

 Вазири тандурустии Ӯзбекистон Алишер Шодмонов ба рӯзноманигорон гуфт, табобати як бемори гирифтори коронавирус чанд пул меистад.

Ӯ қайд кард, ки дар Ӯзбекистон барои табобати як бемори гирифтори коронавирус, бо вазъи миёна, 32 миллион сум ( 3 ҳазору 156 доллари амрикоӣ) масраф мешавад.

Агар бемор дар ҳолати вазнин қарор дошта бошад, ин рақам ду баробар зиёд мешавад - 64 миллион сум ( 6 ҳазору 312 доллари амрикоӣ).

Дар ҳамин ҳол, ҳукумат барои қарантинаи ду ҳафтаинаи як нафар 2,4 миллион сум ( тақрибан 236 доллар ) сарф мекунад.

Дар баробари ин барои табобати 14 рӯзаи ҳар бемори аз коронавирус шифоёфта 2,8 миллион сум ( тақрибан 276 доллар ) масраф мешавад.

Бояд гуфт, ки шумораи умумии гирифторони коронавирус то рӯзи 24 апрел дар Ӯзбекистон 1778 касро ташкил медиҳад ва аз ин теъдод 561 кас шифо ёфтанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий