< Парвандаи ҷадид: Гулнора Каримова дар содир намудани ҷинояти нав гумонбар дониста шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Парвандаи ҷадид: Гулнора Каримова дар содир намудани ҷинояти нав гумонбар дониста шуд

Парвандаи ҷадид: Гулнора Каримова дар содир намудани ҷинояти нав гумонбар дониста шуд
Тафтишот муайян намудаст, ки духтари калонии Ислом Каримов нахустин раисҷумҳури Узбакистон дар як ҷинояти нав низ даст доштаст. Ҳаҷми зарари расонидашуда беш аз 165 миллион долларро ташкил медиҳад

Прокуратураи генералии Узбакистон тафтишоти боз як парвандаи ҷиноятӣ нисбати духтари калонии президенти нахустини ин кишвар Гулнора Каримоваро ба анҷом расонид, хабар медиҳад котиботи Додситонӣ.

Тибқи хулосаи тафтишот, Каримова ба ҷузъ аз даст доштан дар чанд ҷинояткориҳои мутташакил, ки феълан аз рӯи онҳо адои  ҷазои ҷиноӣ дорад, инчунин дар ҳамкорӣ бо як созмони дигари ҷиноятӣ низ муттаҳам дониста мешавадт.

Гуфта мешавад, бо мудохилаи ин созмони ҷиноятӣ, ширкатҳои саноатии Узбакистон ба Гулнора аз даромадҳои ғайриқонунии худ ҳисса месупориданд.

"Ба ҷузъ ин, Каримова тавассути фишороварӣ  ва тарсу ҳарос додани шаҳрвандон ва соҳибони ширкатҳои гуногун, онҳоро маҷбур мекард, то амволи худро дар созмони таҳти назорати ӯ сабт кунанд. Зарари амалҳои ғайриқонунӣ беш аз 165 миллион доллари амрикоӣ ва 85 миллиард сумро ташкил медиҳад", - гуфта мешавад дар хабар.

Қаблан духтари Гулнора Каримов Имон Каримова дар сафҳаи Instagram хабари тамдид шудани муҳлати ҷазои модарашро нашр намуда буд.

"Тими мо ба далели афзоиши суолҳои шаҳрвандон ва рӯзноманигорон нашри маълумоти комилро дар бораи ангезаҳои сиёсии парвандаи зидди Гулнора Каримова оғоз мекунад", — навиштааст набераи президенти нахустини Узбакистон 3 декабр дар Instagram.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии тафтишот айбдор кардани Гулнора Каримова дар тамоми мушкилот, нокомиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Узбакистон аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий