Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд баста мешавад

Тибқи нақшаи корӣ, дар солҳои 2019–2020 дар фурудгоҳ терминали дигар бунёд мешавад, роҳи парвоз навсозӣ шуда, таваққуфгоҳи ҳавопаймоҳо низ васеъ мешавад ва системаҳои радарӣ таҷдид карда мешаванд
Сар аз 15 - уми октябри соли равон фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд баста мешавад, хабар медиҳад сомонаи Zarnews.uz.
Бар хабари манбаъ, кори фурудгоҳ бинобар оғози корҳои барқароркунӣ ва таъмир барои як муддати муаяйн, қатъ карда мешавад.
Тибқи нақшаи азнавсозӣ, дар фурудгоҳ терминали дигар сохта шуда, хатсайри парвоз навсозӣ мешавад. Ҳамчунин таваққуфгоҳи ҳавопаймо низ васеъ карда мешавад.
Пас аз таҷдид, фурудгоҳ метавонад дар як соат ба 600 мусофир хидмат расонад. Гузашта аз ин терминали нав шумораи парвозҳоро дар як рӯз то 20 адад афзоиш медиҳад.
Комментарии (0)