< Ҳушдори коршиносон аз коҳиши маблағгузорӣ барои вокуниш ба ВНМО » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳушдори коршиносон аз коҳиши маблағгузорӣ барои вокуниш ба ВНМО

Ҳушдори коршиносон аз коҳиши маблағгузорӣ барои вокуниш ба ВНМО
Вазорати корҳои хорҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон хабари кумакхоҳии Тоҷикистон аз кишвару созмонҳои дигарро дар робита ба ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон ба манотиқи наздимарзии кишвар ва кушта шудани 5 шаҳрванди Чин, рад кард. Ин хабарҳо шоми дирӯз, 2-юми декабр, аз сӯйи хбаргузории «Ройтерз» нашр шуд.

«Ройтерз» бо истинод ба се манбаи худ аз мақомоти амниятии Тоҷикистон  навишт, ки «Тоҷикистон бо Русия ва як гурӯҳи амниятии минтақавии таҳти роҳбарии Маскав дар бораи имкони фиристодани нерӯҳо барои назорати муштараки марзи ноором бо Афғонистон музокирот анҷом медиҳад».

Дертар ин хабарро расонаҳои дигар, аз ҷумла хабаргузориҳои Русия ва Афғонистон нашр карданд.

Шоҳин Самадӣ, сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ-и Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» гуфт, ки иттилои хабаргузории «Ройтерз» дар робита ба кумак хостани Тоҷикистон аз Русияро «тасдиқ намекунем».

«Дар фурсатҳои наздик вокуниши расмӣ медиҳем. „Ройтерз“ бо пахши ин хабар ба хонандагони худ хабарҳои носанҷидаро мерасонад», — гуфт ӯ.
«Ройтерз» дирӯз навишт, «яке аз се манбаъ аз Шӯрои амнияти Тоҷикистон гуфт, ки мақомот бо Русия дар бораи имкони ҷойгир кардани нерӯҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон барои назорати муштараки марзи Тоҷикистону Афғонистон музокирот анҷом додаанд».

«Мо айни замон музокирот мекунем. Ман фикр мекунам, ки қарор қабул карда мешавад… ин ҳафта», — истинод овард «Ройтерз».

Ин хабаргузорӣ навишт, ду манбаи дигар дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон музокиротро бо Русия тасдиқ карданд, ки дар сурати муваффақ шудан, истифодаи чархболҳо барои назорати марзи кӯҳистонии 1344 километр бо Афғонистонро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки дар пайи ду ҳамлаи охир аз хоки Афғонистон ба манотиқии наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрванди Чин кушта ва 5 каси дигар маҷруҳ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз «Толибон» хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд.
ВКХ-и ҳукумати Толибон дар вокуниши худ ба ин ҳамлаҳо гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон «эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст».

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар машварати корӣ баргузор ва дастур дод, ки «доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд».

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Чин дар Душанбе аз шаҳрвандонаш хост, ки аз минатқаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон берун шаванд ва аз Тоҷикистон талаб кард, ки барои таъмини амнияти ширкатҳо ва шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ андешад.

Дар пайи ин,  Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷи ҳукумати Толибон суҳбати телефонӣ кард.

Гурӯҳи Толибон гуфтанд, ин гурӯҳ омодагии худро ҷиҳати таҳқиқи муштараки ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ва тақвияти амнияти марзӣ изҳор медорад. Дар ин мулоқот, Амирхон Муттақӣ куштори шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистонро маҳкум карда, онро таассуфовар хондааст.

Бояд гуфт, ки то соли 2004-ум, сарбозони Русия дар якҷоягӣ бо бо сарбозони Тоҷикистон марзи 1344-километра бо Афғонистонро посбонӣ мекарданд. Баъд аз соли 2004 Тоҷикистон марзаш бо Афғонистонро мустақилона посбонӣ мекунад.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий