< Порлумони Қирғизистон дахлнопазирии Отамбоевро бекор кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Порлумони Қирғизистон дахлнопазирии Отамбоевро бекор кард

Порлумони Қирғизистон дахлнопазирии Отамбоевро бекор кард
Вакилони порлумони Қирғизистон аз лағви масуният ё дахлнопазирии президенти собиқ Алмосбек Отамбоев ҷонибдорӣ карданд. Ин қарор ба ниҳодҳои ҳифзи қонун ҳақ медиҳад, ки ӯро ба бозпурсӣ даъват ва боздошт кунанд. Отамбоев мегӯяд, ҳадафи мақомот аз саҳна берун кардани мухолифи ҳукумати кунунӣ аст.

Ба тарафдорӣ аз қабули қарор дар бораи лавғи дахлнопазирии ҷиноии президенти собиқи Қирғизистон 103 вакили Жогорку Кенеш овоз доданд.

Қаблан дар суханронии худ додситони кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов гуфт, ки дар аъмоли президенти собиқ Отамбоев нишонаҳои айбдорӣ ва ҷиноятҳои сангин дида мешавад, вале на дар нисбати ҳамаи иттиҳомоте, ки вакилони маҷлис пешниҳод карданд. Аз ҷумла, нишонаҳои содир шудани ҷиноятҳои сангин дар ҳангоми харидани қитъаи замин дар ҳаҷми 2,7 гектар дар деҳаи Кой-Таш дида шудааст, ки бо ҳадафи бунёди хона гирифта шуда буд. Дар қазияи аз зиндон озод шудани як ҷинояткори бонуфуз Азиз Ботукаев дар соли 2013 ҳам мақомоти додситонӣ нишонаҳои содир шудани ҷинояти сангинро мушоҳида кардаанд. Дар маҷмӯъ додситонии кулл гуфт, ки аз феҳристи шаш иттиҳоме, ки вакилони маҷлис пеш гузоштанд, дар панҷ ҳолат нишонаҳои содир шудани ҷинояти сангин ба қайд гирифта шудааст.
Худи Отамбоев иттиҳомоти мазкурро "сафсата" ва бепояву асос хонд.

Ӯ бо пахши изҳороте, аз ҷумла, гуфт: “Ҳеҷ фикр намекардам, ки парвандаи ҷиноӣ бар пояи овоза ва тахайюл сохта мешавад ва додситони кулл тамаллуқкорона дар як рӯз ин ҳама сафсаттаро қабои қонунӣ мепӯшонад. Илова ба ин, ҳеҷ кас худи маро ба парлумон даъват накард. Онҳо аз шунидани ҳақиқат ҳарос доранд. Онҳо одат кардаанд, ки корҳои ифлоси худро пинҳонӣ, тарсида ва палидона анҷом диҳанд”.

Рӯзи 20-уми июн порлумони Қирғизистон хулосаҳои комиссияи вакилонро оид ба эълони айб нисбат ба президенти собиқ Алмосбек Отамбоев ва бекор кардани дахлнопазирии ӯ ҷонибдорӣ намуд. Як рӯз дертар ин санадҳо ба Додситонии кулл фиристода шуд.

Барои бекор шудани дахлнопазирии Отамбоев раъйи мусбати 80 вакил кофӣ буд, вале дар овоздиҳии рӯзи 27 июн аз миёни 109 депутат 103 нафар раъйи мусбат дода, 6 нафар мухолиф баромаданд.
https://www.ozodi.org/a/atambaev-stripped-off-immunity-/30023097.html

Комментарии (0)

Оставить комментарий