< ФАВРӢ! ДОИШ МАСЪУЛИЯТИ ОШӮБИ ХУНИН ДАР ЗИНДОНИ ВАҲДАТРО БА ДӮШ ГИРИФТ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ФАВРӢ! ДОИШ МАСЪУЛИЯТИ ОШӮБИ ХУНИН ДАР ЗИНДОНИ ВАҲДАТРО БА ДӮШ ГИРИФТ

ФАВРӢ! ДОИШ МАСЪУЛИЯТИ ОШӮБИ ХУНИН ДАР ЗИНДОНИ ВАҲДАТРО БА ДӮШ ГИРИФТ
Созмони террористии "Давлати исломӣ” (ДОИШ) масъулияти ошӯби маҳбусон дар маҳбаси рақами 3/2 ("Кирпичная”) дар шаҳраки Роҳатӣ дар 15-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт. Дар ин бора пойгоҳиSITE Intelligence Group, ки фаъолияти созмонҳои террористиро пайгирӣ мекунад, ва хабаргузории Reuters бо такя ба рӯзномаи "Al-Nabaa” хабар доданд. Ин нашрияи арабии марбут ба ДОИШ тасдиқ кардааст, ки ошӯб дар зиндони Тоҷикистонро «аскарони хилофат» анҷом додаанд. Тафсилоти дигаре аз ҷониби ДОИШ дода нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон билофосила дар ташкил ва роҳбарии ошӯби шаби 19 май дар маҳбаси Роҳатӣ маҳбусони тарафдори ДОИШ-ро айбдор карда буданд, вале ин созмони террористӣ то кунун дар ин маврид хомӯширо ихтиёр карда буд. Дар ҷараёни ошӯби шаби 19 май ва саркӯби он 32 нафар – 3 зиндонбон ва 29 маҳбус, аз ҷумла писар ва ҷияни ба ном "вазири ҷанг”-и ДОИШ Гулмурод Ҳалимов кушта шуданд. ДОИШ қаблан масъулияти ошӯби шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами 3/3-и шаҳри Хуҷандро, ки дастикам 25 кушта ба ҷо гузошт, ва ҳамчунин масъулияти куштори 4 сапйёҳи хориҷӣ дар моҳи июли соли 2018 дар ноҳияи Данғараро ба дӯш гирифта буд.

Сомонаи "Ахбор” як рӯз қабл аз даъвои ДОИШ ба масъулияти ошӯби зиндони Ваҳдат гузориши муфассалеро дар бораи Руҳулло Ҳасанов, яке аз маҳбусони кушташуда нашр кард. Манобеи "Ахбор” ва мақомот ҳамин маҳбуси 21-соларо роҳбари шӯриши шаби 19 май меноманд.

РУҲУЛЛО ҲАСАНОВ - РОҲБАРИ ОШӮБ ДАР ЗИНДОНИ ВАҲДАТ КИСТ?
Дар шарҳи расмии идораи зиндонҳои вазорати адлия дар бораи ошӯби хунини шаби 19 май дар маҳбаси рақами 3/2 ("Кирпичная”) исми Ҳасанов Руҳулло Хайриддинович дар рӯйхатти роҳбарони шӯриш баъди писар ва ҷияни полковник Гулмурод Ҳалимов зикр мешуд, вале ба гуфтаи манобеи сомонаи "Ахбор”, роҳбари асосии ошӯб ҳамин маҳбуси 21-солаи сокини кӯчаи ба номи Тошмухаммедови шаҳри Ваҳдат буд. Маҳз Руҳулло Ҳасанов, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони "Ахбор”, шаби 19 май дар маҳбаси Ваҳдат Шайх Темурро барои пайравиаш ба тариқати тасаввуф гардан зада, гулӯи Эшони Қиёмиддинро барои "шиъа шуданаш” бурид, Махсуми Абдусатторро барои наҳзатӣ буданаш бераҳмона кушт ва корди хунолуд дар даст дар дохили зиндон Зайд Саидовро меҷуст, то бикушад. "Зайд, куҷоӣ?” – девонавор дод мезад Руҳулло, вале маҳбусони дигар Зайд Саидовро пинҳон кардаанд. Ҳасанов Руҳулло дар ҷараёни саркӯби ошӯби шаби 19 май кушта шуд.

Ҳамсуҳбатони сомонаи "Ахбор”, ки дар бораи талотуми ҳодисоти хунини шаби 19 май дар маҳбаси рақами 3/2("Кирпичная”) дар минтақаи Роҳатӣ дар канори шаҳри Ваҳдат иттилои зиёд доранд, мегӯянд, дар асл роҳбари асосии ошӯбгарон на писари 21-солаи полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов ва на бародарзодаи 26-солаи ин ба ном "вазири ҷанг”-и ДОИШ Фахриддин Гулов, балки маҳбуси 21-сола аз кӯчаи Тошмухаммедови шаҳри Ваҳдат Ҳасанов Руҳулло Хайриддинович буд.

Руҳулло Ҳасанов моҳи июни соли 2016 аз Қазоқистон истирдод шуда, 24 майи соли 2017 ба 12 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд ва мебоист 21 ноябри соли 2029 аз маҳбас озод мешуд. Додгоҳ ӯро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 401, прим 1 (зархаридӣ ва қасди иштирок дар ҷангҳо дар кишвари сеюм) ва қисми дуюми моддаи 365 (фирор аз зиндон) гунаҳкор шинохта буд.

Ҳукми Руҳулло Ҳасанов бар асоси моддаи 32, яъне қасд ё кӯшиши содир кардани ин ҷиноятҳо содир шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ соли 2016 ба Қазоқистон рафт, то аз он ҷо ба Сурия ё Ироқ рафта, ба созмони террористии ДОИШ бипайвандад. Аммо падараш, ки ба гуфтаи ҳамсуҳбатони "Ахбор”, марди сарватманде аст ва дар шаҳри Ваҳдат кору зиндагӣ мекунад, худаш ба мақомот хабар дод, ки писараш дар Қазоқистон буда, мехоҳад ба Сурия биравад. Мақомоти Тоҷикистон зуд бо ҳамкорони қазоқи худ тамос гирифтанд ва Руҳулло Ҳасановро ҳанӯз то Сурия ё Ироқ норасида, дар Қазоқистон боздошт карданд ва ба Тоҷикистон оварданд.

Дар маҳбас, ба гуфтаи манобеи "Ахбор”, Руҳулло Ҳасанов то ҳадде зиндагии шик дошт. Волидонаш ҳатто тавонистанд, ки писарашонро дар маҳбас хонадор кунанд ва арӯсаш зуд-зуд ба аёдати ӯ ба инҷо меомад. Ҳамин тавр, волидони дорои Руҳулло барояш мунтазам хӯроку шириниҳо меоварданд ва ба қавле, дар зиндон ҳам нӯли ӯ дар равған буд. Руҳулло Ҳасанов ин нуқлу навоеро, ки аз хона пайваста барояш меоварданд, бо дигар маҳбусони ба истилоҳ "доишӣ”, аз ҷумла бо писару ҷияни Гулмурод Ҳалимов – Беҳрӯзи Гулмурод ва Фахриддин Гулов, ки таъминоташон аз берун ба далели дасти кӯтоҳ ва дурии оилаҳояшон сусттар буд, бо ҳам медид ва онҳоро аз нигоҳи моддӣ ба худ хеле вобаста ва то ҳадде забонкӯтоҳ карда буд. Як далели аз пушти Руҳулло Ҳасанов он шаб бархостани маҳбусони доишӣ, аз ҷумла писар ва ҷияни Гулмурод Ҳалимов, ба гуфтаи манобеи "Ахбор”, ҳамин забонкӯтоҳии моддӣ будааст.

Ҳамсуҳбатони "Ахбор” мегӯянд, аз ин лиҳоз барояшон қобили дарк нест, ки Руҳулло Ҳасанов чаро он шаби 19 май маҳбусони дигари мисли худаш барои ҳамкорӣ бо ДОИШ маҳкумшуда, аз ҷумла писару ҷияни ба ном "вазири ҷанг”-и ин созмони террористӣ полковник Гулмурод Ҳалимовро ба ошӯб хезонд? Чизи дигаре, ки барои ҳамсуҳбатони ғайри қобили дарк аст, бераҳмиест, ки он шаб ин ҷавони 21-сола ба намоиш гузошт.

"Куштани инсон фақат дар киноҳо содаву осон аст. Дар асл ҳатто як корманди мақомот ва ҳатто агар дар ҷараёни ягон амалиёт касе, барои мисол ягон ҷинояткорро ҳам бикушад, муддати зиёде кобуси он куштор таъқибаш мекунад. Одам васвос мешавад ва ҳатто метавонад ақлашро гум кунад. Вале Руҳулло Ҳасанов, як ҷавони ҳамагӣ 21-сола ва бидуни ҳеҷ таҷрибаи ҷангу куштор (то Сурия ки рафта натавонист), шаби 19 май чандин нафарро бераҳмона гардану гулӯ бурид ва агар кушта намешуд, ба ин девонагӣ ҳанӯз идома доданӣ буд”, - мегӯяд як ҳамсуҳбати мо, ки таҷрибаи тӯлонии кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро дорад.

Ошӯб шаби 19 май, соати тақрибан 19:30, замони расидани намози шом ва рӯзакушоии маҳбусон оғоз ёфтааст. Сабаб ё баҳонаи ошӯб то ҳол дақиқ нест. Яке мегӯяд, ки зиндонбонҳо дар ин соат нисбат ба кадоме аз "доишӣ”-ҳо бадрафторӣ кардаанд, ба гуфтаи дигарӣ, иҷозат надодаанд, ки намози шомашонро хонда, рӯзаашонро бикушоянд, вале Руҳулло Ҳасанов нахустин шуда, корд ба даст гирифт ва се корманди муассисаи ислоҳӣ – майор Муродов Бурҳониддин, майор Ҳалимов Абдуҷаббор ва лейтенанти калон Асоев Маҳмуд Ҳамидовро ба як шеваи бераҳмона кушт. Дар латтукӯби зиндонбонҳо маҳбусони дигар низ иштирок кардаанд, вале нафаре ки гулӯи онҳоро бурид, маҳз Руҳулло Ҳасанов будааст.

"Руҳулло Ҳасанов сипас ба ҷустуҷӯи онҳое афтод, ки аз назари доишиҳо "душмани Ислом” дониста мешаванд. Онҳо сӯфиҳо, шиъаҳо, наҳзатиҳоро чашми дидан надоштанд ва дар дохили маҳбас низ ҳамеша бо онҳо дар ҷанҷол буданд. Аввалин касе, ки ба дасти доишиҳо афтод, Шайх Темур буд. Ӯро "сӯфии муртад” хонда, хеле латтукӯб карданд ва сипас Руҳулло Ҳасанов гулӯи ин рӯҳонии солхӯрдаро бурид”, - нақл мекунад яке аз ҳамсуҳбатони мо.

Бино ба нақли ҳамсуҳбати дигар, баъди куштани Шайх Темур, ошӯбгарон аз паси "душманон”-и дигар шуданд: "Ошӯбгарон Махсуми Абдусаттор (узви раёсати ҲНИТ Саттор Каримов) ва Эшони Қиёмиддинро вақте бардошта оварданд, ки ҳарду дар ҷойҳои худ "Қуръон” мехонданд. Ҳардуро зада-зада оварданд ва Руҳулло Ҳасанов ба гулӯи Эшони Қиёмиддин корд зад. Махсуми Абдусаттор ба фарқ аз Эшони Қиёмиддин нафаре набуд, ки ба касе гардан диҳад. Ӯ аз дасти доишиҳо худро канд ва мехост фирор кунад, вале Руҳулло Ҳасанов дар аснои фирор ҳам ба пушти Махсум корд мезад. Сипас касе Махсумро бо арматура ба фарқи сараш зад ва вай аз по афтод. Баъди ин Руҳулло Ҳасанов кори ӯро ҳам тамом кард. Боз як наҳзатии дигар аз Норак буд, Боев Ҷомаҳмад, ки як одами беозор буд ва ба касе кор надошт. Вале ӯро ҳам ёфтанду оварданд ва "наҳзатӣ” гуфта, куштанд”.

Руҳулло Ҳасанов, ки баъди куштани 3 зиндонбон ва 5 маҳбус чашмонаш хун гирифта буд, қасди куштани Зайд Саидов, тоҷири маъруф ва вазири собиқи саноати Тоҷикистонро низ дар сар доштааст. Ҳамсуҳбатони "Ахбор” мегӯянд, ки ӯ он шаб корди хунолудаш дар даст дар дохили маҳбас "Зайд куҷоӣ?” гӯён девонавор фарёд мезад. Маҳбусони доишӣ Зайдро ёфта, латтукӯб кардаанд ва ҳатто ба дасташ як корд ҳам задаанд, вале маҳбусони дигар, ки ба Зайд Саидов эҳтироми зиёд доштанд, ӯро аз дасти доишиҳо халос карда ва дар як гӯшае пинҳон кардаанд.

Руҳулло Ҳасанов, ҳамчунин Беҳрӯзи Гулмурод ва Фахриддин Гулов, дар ҷараёни амалиёти саркӯби ошӯби маҳбусон кушта шуданд. Дар маҷмӯъ шаби 19 май дар зиндони Ваҳдат, ба гуфтаи мақомот, 32 нафар – 3 зиндонбон ва 29 маҳбус кушта шуданд.

Вале бо гузашти се ҳафта аз он ошӯби хунин суолҳои зиёди беҷавобе ҳанӯз боқӣ мондаанд. Аз ҷумла як суол ин аст, ки он ошӯби бераҳмона оё худҷӯш буд ё аз пеш ҳамоҳангу маслиҳатшуда? Чаро дар ҷараёни шӯриш онҳое ҳадаф қарор гиирфтанд, ки маҳбуси сиёсӣ арзёбӣ мешаванд? Ва чаро то имрӯз ДОИШ масъулияти ин ошӯбро мисли ошӯби ним соли пеш дар зиндони Хуҷанд ба дӯши худ нагирифт?
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҳамин тавр, мухолифони ҳукумат фарзияи кори дасти ДОИШ будани ошӯби шаби 19 майро зери суол мебаранд. Талаби онҳо ин аст, ки барои таҳқиқи фарогири ин ошӯб як гуруҳи мустақили байналмилалии тафтишотӣ таъсис дода шавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий