< Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ шинос гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ шинос гардид

Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ шинос гардид
Дар ин рӯз Сарвазири мамлкат бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қитъаҳои осебпазири соҳили дарёи Панҷ дар ноҳияҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади густариши корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз 20 марти соли равон аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 адад техникаи махсус ба мавзеъҳои хавфноки ноҳияи Фархор сафарбар гардидааст.

То имрӯз зиёда аз 10 ҳазору 565 адад тахтасанги оҳану бетонӣ ба соҳилҳои дарёи Панҷ интиқол ва насб карда шуда, бо усули «шпора» саддҳои муҳофизатӣ бунёд гардидаанд. Инчунин дар ноҳия беш аз 9 600 метри мукааб сангу шағал ба мавзеъҳои хавфнок интиқол ёфта, садди муҳофизатӣ бо паҳноии 13 метр ва баландии 2 метр омода карда шудааст. Дар қитъаҳои алоҳида, аз ҷумла Лесхоз ва Марғзор, корҳои заминӣ ва насби саддҳои муҳофизатӣ идома дошта, садҳо метр соҳил барқарор гардидааст.

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо маром идома доранд. Дар ин ноҳия ҳазорон адад тахтасанги оҳану бетонӣ насб гардида, садди муҳофизатӣ дар қитъаҳои осебпазир бунёд ва барқарор шудааст.

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Панҷ тибқи нақша идома дошта, масъулин барои анҷоми саривақтӣ ва босифати онҳо тамоми имкониятҳоро сафарбар намудаанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз Сарвазири мамлакат аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Вахш, воқеъ дар деҳаи Сари Пули Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён бо рафти корҳои анҷомёфта ва тадбирҳои андешидашуда барои ҳифзи аҳолӣ ва заминҳои кишоварзӣ аз наздик шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки деҳаҳои Сари Ҳавз ва Сари Пул аз ҷумлаи маҳалҳои осебпазири соҳили дарёи Вахш ба шумор рафта, бар асари тағйирёбии маҷрои дарё ва фарсоиши соҳил як қатор заминҳои кишоварзӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ ва манзилҳои истиқоматӣ дар хатари шуста шудан қарор гирифтаанд.

Тибқи маълумоти масъулон, дар деҳаи Сари Ҳавз, ки беш аз 2 ҳазору 560 нафар аҳолӣ ва 186 хоҷагии оилавиро дар бар мегирад, як қисми заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва моҳипарварӣ бар асари таъсири дарё зери об монда, ҳамчунин ба манзилҳои истиқоматии сокинон низ хатари ҷиддӣ эҷод шудааст.

Деҳаи Сари Пул низ бо аҳолии зиёда аз 1 ҳазору 300 нафар дар минтақаи хавфнок қарор дошта, барои таъмини амнияти сокинон тадбирҳои иловагӣ амалӣ гардида истодаанд. Дар доираи ин тадбирҳо садҳо адад тахтасангҳои оҳанину бетонӣ насб гардида, саддаҳои муҳофизатӣ бунёд, ҳандақҳо кофта, ҳазорҳо метри мукааб қуму шағал ва дигар масолеҳи сохтмонӣ ба минтақа интиқол дода шудааст. Барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ зиёда аз 120 адад техникаҳои гуногун, аз ҷумла экскваторҳо, мошинҳои боркаш, трайлерҳо, кранҳо ва дигар техникаҳои махсус сафарбар карда шуданд. Аз ҷумла, танҳо дар деҳаи Сари Ҳавз дар муддати кӯтоҳ 647 адад тахтасангҳои оҳанину бетонӣ насб, 700 метр ҳандақ кофта, 100 метр саддаи муҳофизатӣ бо паҳноии 9 метр ва баландии 7 метр сохта шуда, барои таҳкими соҳил садҳо мошини қуму шағал, хок, сангҳои калонҳаҷм ва бетонҳои шикаста интиқол дода шудааст.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои саривақтӣ ва ҳамоҳангшуда самти ҷараёни оби дарёи Вахш то андозае тағйир ёфта, фишори он ба соҳили чап коҳиш ёфтааст, ки ин барои коҳиш додани хатари шуста шудани соҳил ва ҳифзи манзилҳои истиқоматӣ аҳамияти муҳим дорад.

Қоҳир Расулзода дар деҳаи Панҷрӯди Ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ дар ифтитоҳи бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32, ки барои 240 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, иштирок намуд.
Иншоот дар доираи корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд гардида, ба беҳтар гардидани шароити таҳсил ва фароҳамсозии имкониятҳои иловагӣ барои хонандагон равона шудааст. Бинои иловагӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 4 синфхонаи фаннӣ мебошад.

Дар ин муассиса дар маҷмуъ 509 хонанда таҳсил менамояд. Бунёди бинои иловагӣ барои коҳиш додани зичии синфхонаҳо ва фароҳам овардани шароити беҳтари таълим мусоидат хоҳад кард.

Гуфта шуд, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ 8–10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардида, маоши онҳо аз 2000 то 3000 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки ин иқдом ба дастгирии шуғли аҳолӣ низ мусоидат намудааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Панҷ бо рафти нашъунамои зироати пахта дар хоҷагии деҳқонии «Ғаюр», бо фаъолияти хоҷагӣ ва ҳолати кишти зироат шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Ғаюр» соли 2008 таъсис ёфта, дорои 5,65 гектар замини кишоварзӣ мебошад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ пахтакорӣ буда, роҳбарии онро Бахтиёр Тавуров ба уҳда дорад.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз масоҳати умумии замин 4,65 гектар ба кишти пахта, 0,60 гектар ба кишти такрории каду ва 0,40 гектар ба кишти беда рост меояд. Дар хоҷагӣ усулҳои муосири парвариши зироат, аз ҷумла истифодаи пӯшиши плёнкавӣ дар кишти пахта ба кор бурда мешавад, ки ба беҳтар шудани нашъунамои зироат мусоидат менамояд.

Дар ҳамин рӯз Сарвазири ҷумҳурӣ аз ҷараёни корҳои сохтмони неругоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт, ки дар деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Ҷайҳун бунёд мегардад, дидан намуда, бо рафти татбиқи яке аз бузургтарин лоиҳаҳои энергетикии мамлакат шинос шуд.
Сохтмони ин неругоҳи офтобӣ дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди «иқтисоди сабз», истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таҳкими амнияти энергетикии мамлакат амалӣ мегардад.

Таъкид гардид, ки неругоҳи офтобии 250-мегаваттӣ аз ҷумлаи бузургтарин лоиҳаҳои энергетикаи офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар асоси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сармоягузори Ayon Energy бунёд мешавад.
 Лоиҳа дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037» ба роҳ монда шуда, қисми таркибии барномаи сармоягузории 250 миллион долларӣ барои бунёди ду неругоҳи барқии офтобӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ашт мебошад.
Гуфта шуд, бунёди чунин неругоҳҳои бузурги офтобӣ дар баробари баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Ҳамчунин Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҷайҳун аз рафти нашъунамои боғи писта ва бодом дар заминҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази яклухти Хатлон», воқеъ дар деҳаи Озодӣ шинос шуд.

Таъкид гардид, ки писта ҳамчун дарахти сердаромад ва ба иқлими гарм ва хушк мутобиқ буда, барои истифодаи оқилонаи заминҳои камҳосил, талу теппаҳо ва заминҳои бекорхобида аҳамияти калони иқтисодӣ ва экологӣ дорад. Татбиқи чунин лоиҳаҳо ба беҳтар шудани вазъи муҳити зист, коҳиш ёфтани эрозияи хок ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ мусоидат менамояд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази яклухти Хатлон» аз соли 2020 дар масоҳати умумии 50 гектар боғ бунёд намудааст. Аз ин масоҳат 38 гектар боғи пистаи навъи дарозруяи «Узунатет» ва 12 гектар боғи бодоми навъи «Шоҳона» ташкил медиҳад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба масъулон барои истифодаи босамари заминҳо, нигоҳубини дурусти боғҳо ва густариши минбаъдаи чунин лоиҳаҳои истеҳсолӣ тавсияҳо дода, таъкид намуд, ки рушди боғдорӣ яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Дар ин рӯз Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ба сохтмони зеристгоҳи барқии 110/35/10 киловолтии «Ваҳдат» ва хатҳои интиқоли барқи 110 киловолт ҳусни оғоз бахшид.

Иншоот дар қисми ҷанубии шаҳри Бохтар, маҳаллаи Истиқлол бунёд гардида, татбиқи он дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026 амалӣ мешавад. Барои сохтмони зеристгоҳ қитъаи замин дар масоҳати 1,95 гектар ҷудо гардидааст.

Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки фармоишгар ва пудратчии сохтмон Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» буда, таҳияи лоиҳаро Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» анҷом додааст. Иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ 14 апрели соли 2026 ба расмият дароварда шуда, арзиши пешакии лоиҳа мутобиқи ҳисобҳо 44 миллиону 845 ҳазору 860 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи лоиҳа, зеристгоҳи барқии 110/35/10 киловолтии «Ваҳдат» бо хатти нави интиқоли барқи 110 киловолт пайваст гардида, дарозии умумии хатти ҳавоии барқ 2,774 километрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии ҳудуди лоиҳавӣ 5 ҳазору 713,5 метри мураббаъ буда, масоҳати сохтмони бино ва дигар иншооти лоиҳавӣ 300,44 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Дар ин рӯз Қоҳир Расулзода ва дар шаҳри Бохтар тарабхонаи бренди байналмилалии KFC-ро, ки дар маҳаллаи Умари Хайём ҷойгир аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи иншоот дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардида, ба рушди соҳаи хизматрасонӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар маркази вилояти Хатлон мусоидат менамояд.

Зимни муаррифии иншоот иттилоъ дода шуд, ки тарабхона аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маззаи Нав» бунёд гардидааст. Корхона шарики расмӣ (франчайзи)-и бренди байналмилалии KFC дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро мутобиқи талаботу меъёрҳои байналмилалии хизматрасонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба роҳ мондааст.

Тарабхона дар хиёбони Ваҳдати шаҳри Бохтар, дар ошёнаи якуми бинои истиқоматии 10-ошёна ҷойгир буда, масоҳати умумии он 480 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот барои ҳамзамон қабули 120 нафар мизоҷ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир ва тамоми шароити зарурии хизматрасонӣ таъмин мебошад.


Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий