< Толибон ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба вилоятҳои гуногуни Афғонистонро тасдиқ карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Толибон ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба вилоятҳои гуногуни Афғонистонро тасдиқ карданд

Толибон ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба вилоятҳои гуногуни Афғонистонро тасдиқ карданд
​Ҳамидуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯи гурӯҳи террористии Толибон, рӯзи душанбе, 29-уми июн, дар саҳифаи «Х» навиштааст, ки шаби гузашта ноҳияи (вулусволии) Гиёни вилояти Пактико, ноҳияи Чакмани вилояти Пактиё ва ноҳияи Манугии вилояти Кунар аз ҷониби артиши Покистон бомбаборон шудаанд.

Муовини сухангӯи Толибон иддао кардааст, ки дар пайи ин ҳамлаҳои ҳавоӣ даҳҳо ғайринизомӣ, аз ҷумла занону кӯдакон, ҷони худро аз даст додаанд.

Фитрат ин ҳамлаҳоро «буздилона ва таҷовуз» хонда, онро маҳкум кардааст.
Вилоятҳои Пактико, Пактиё ва Кунари Афғонистон пеш аз ин ҳам аз ҷониби артиши Покистон ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифта буданд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий