< Гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳури Эрон ва Туркия дар бораи таҳаввулоти Ховари Миёна » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳури Эрон ва Туркия дар бораи таҳаввулоти Ховари Миёна

Гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳури Эрон ва Туркия дар бораи таҳаввулоти Ховари Миёна
​Хабаргузории «Форс» рӯзи сешанбе, 23-уми июн, гузориш додааст, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳимояти худро аз раванди музокироти Эрон ва Амрико эълом кардааст.

Бар асоси гузориш, раиси ҷумҳури Туркия зимни таъкид бар тақвияти сулҳи минтақавӣ гуфтааст, ки Туркия барои барқарории он талош мекунад.

Гуфтугӯи телефонии сарони Туркия ва Эрон шаби гузашта сурат гирифтааст.
Туркия аз мухолифони ҷанги Исроил ва Амрико алайҳи Эрон буд ва бар дипломатия ва гуфтугӯ барои ҳалли масоил таъкид мекард.


Сарчашма: ​

Комментарии (0)

Оставить комментарий