"Ҳизбуллоҳ" аз даргирӣ бо Исроил хабар дод
"Ҳизбуллоҳ« эълон кард, нерӯҳояш бо артиши Исроил дар наздикии шаҳри Набатия, ки пешравӣ карда буданд, даргир шудаанд ва ин даргириҳо ҳамчунон идома дорад.
Ин ҳодиса як рӯз пас аз имзои созиш миёни Эрон ва Амрико барои поён додан ба ҷанг дар ҳама ҷабҳаҳои минтақа, аз ҷумла Лубнон, рух медиҳад.
Артиши Исроил низ аз кушта шудани як низомии худ ва захмӣ шудани ҳафт нафари дигар дар ҷануби Лубнон хабар дод.
Ҳамзамон, сухангӯи дабири кулли СММ эълон кард, ки нерӯҳои сулҳбони ин созмон дар Лубнон даргириҳо миёни „Ҳизбуллоҳ“ ва Исроилро сабт кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар рӯзи панҷшанбе 143 партоб сурат гирифтааст, ки 119 мавриди он ба артиши Исроил ва боқимонда ба „Ҳизбуллоҳ“ нисбат дода шудааст.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)