Дар Душанбе вохӯрии якуми Шурои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки тӯли солҳои охир робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қирғизистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров марҳилаи нави рушдро касб намуда, дар натиҷаи тадбирҳои муштарак гардиши савдои ду давлат дар соли 2025 ва 2026 афзоиш ёфт.
Ҷонибҳо иброз намуданд, ки таъсиси Шурои кории Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун механизми нави ҳамкории мустақими доираҳои соҳибкорӣ ба густариши робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои афзоиш додани ҳаҷми савдо самарабахш мусоидат хоҳад намуд.
Дар доираи вохӯрӣ Протоколи ҷаласаи якуми Шурои кории Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расида, байни намояндагони соҳибкории ҳарду ҷониб, ки дар он аз ҷониби Қирғизистон роҳбарони зиёда аз 10 ширкат ҳузур доштанд, вохӯриҳои судманди B2B баргузор гардиданд.
Инчунин зимни боздид меҳмонон бо иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои содиротии корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулистони Душанбе», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авас Заъфарон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» шинос шуданд.
Ҳамчунин ҳайати тиҷоратии Ҷумҳурии Қирғизистон аз Намоишгоҳи байналмилалии «INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN — 2026» дидан карданд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)