Шарифхон Сафарзода иҷрокунандаи раиси ВМКБ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасади Алишер Мирзонабот идома дорад
Пас аз марги нобаҳангоми Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) иҷрои вазифаҳои ӯ ба дӯши Шарифхон Сафарзода, муовини якуми ӯ вогузор шудааст. Дар айни ҳол, ҷустуҷӯи ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамсару кӯдак ва ёрдамчиву ронандааш то ба ҳол идома дорад.
Аз ҳукумати ВМКБ гуфтанд, Сафарзода то таъини раиси нав иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ хоҳад буд.
Ҳамчунин, дар поёни қароре, ки рӯзномаи «Бадахшон» рӯзи 19-уми июн дар робита ба даъвати Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ нашр кард, номи Сафарзода ба унвони иҷрокунандаи вазифаи раиси ин вилоят зикр шудааст.
Шарифхон Сафарзода аз соли 2023 муовини аввали раиси ВМКБ буд ва қаблан дар мақоми раиси ноҳияи Варзоб ва муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор мекард.
Дар ҳамин ҳол, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) гуфтанд, ҷустуҷӯи ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамсару фарзанди хурдсолаш, ёвар ва ронандааш, ки рӯзи 17-уми июн дар роҳ ба сӯйи шаҳри Хоруғ, дар ноҳияи Дарвоз дар як садамаи нақлиёт ба рӯди Панҷ сарозер шуд, то кунун идома дорад.

Ҷое, ки мошини хитматии Алишер Мирзонабот сарозер шуд. Акс аз asia+
Қаблан, ин ниҳод гуфта буд, ки кофтукови ҷасадҳо дар сатҳ ва зери об дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар дарёи Панҷ зери роҳбарии Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси КҲФ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки мошини хидматии Алишер Мирзонабот субҳи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ дар километри 282-юми шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ», дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд.
Ба иттилои КҲФ дар мошин шахсони зерин ҳузур доштанд, ки ҳамаашон ғарқ шуданд:
–Алишер Мирзонабот — раиси ВМКБ;
— Амина Амонуллоева (46-сола) — ҳамсари ӯ;
— Орифа Мирзонаботзода (2-сола) — духтари ӯ;
— Садоншо Ҷанобалишо (37-сола) — ёвари раис;
— Сино Муборакшоев (42-сола) — ронанда.
Ба иттилои ВКД сабаби ҳодиса «суръати баланди ҳаракат» ва «аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани» ронанда гуфта шудааст.
Таҳқиқи қазия таҳти назорати бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад.
Алишер Мирзонабот, ки ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд, 16-уми июн дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди қонунгузор ширкат дошт. Ӯ то таъин шуданаш ба ҳайси раиси ВМКБ дар соли 2021, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) буд. Алишер Мирзонабот зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ мебошад.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)