< Оғози сохтмони ду корхонаи нави семент дар ноҳияи Варзоб » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оғози сохтмони ду корхонаи нави семент дар ноҳияи Варзоб

Оғози сохтмони ду корхонаи нави семент дар ноҳияи Варзоб
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 23-юми июн ба сохтмони ду корхонаи нави истеҳсоли семент дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб санги асос гузоштааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, ҳарду корхонаи саноатӣ дар камтар аз 1,5 сол бояд бунёд шаванд.
Корхонаи якум дар масоҳати 17 гектар ва корхонаи дуюм дар масоҳати 16 гектар бо ҷалби 2 ҳазору 500 коргар сохта мешавад.
Ба қавли манбаъ, иқтидори умумии солонаи ин корхонаҳо 2 миллиону 400 ҳазор тонна сементро ташкил дода, дар назар аст, ки баъди ба истифода додани сохтмонҳо, беш аз 2 ҳазор кас бо ҷойи кор таъмин шаванд.

Акс аз хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
                                    "                                          
»Сохтмони корхонаҳо дар назди конҳои оҳаксанг, магнетит ва хоки Харангон, ки дар наздикии он мавҷуданд, ба нақша гирифта шуда, сохтмон, воридоти техника, технология, дастгоҳу таҷҳизот ва дигар лавозимоти зарурӣ пурра бо ҷалби сармояи ватанӣ роҳандозӣ хоҳад гашт», — гуфтааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
                                         
 Манбаъ гуфтааст, ки корҳои лоиҳакашӣ, таъмину насб, ба истифода додан корхонаи якум, тибқи шартномаи байни ширкати «Сементи Душанбе"-и Тоҷикистон ва ширкати «Синома"-и Чин иҷро мешавад.
»Сармоягузор ва бунёдкунандаи корхонаи дуюм Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Тоҷик мебошад»,-навиштааст манбаъ.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ният дорад, ки дар 2-3 соли наздик чор корхонаи нави истеҳсоли семент бо иқтидори солонаи қариб 6 млн тонна сохта ба истифода диҳад.
                    
                                                            
                                            
                                            
                                            
                                            
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва фанновариҳои нав, ин корхонаҳо бо 4,4 млрд сомонӣ ва дар Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бунёд мешаванд. То куҷо бунёди 4 корхона мушкили сементро дар кишвар ҳал мекунанд, дар ин маводи мо хонед: Бунёди 4 корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон. То куҷо онҳо зарур ва фоидаоваранд?

Ёдовар мешавем, ки тақрибан нимаҳои моҳи май нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуда, дар баъзе минтақаҳо як халтаи он (маъмулан 50 кг) то 90 сомонӣ фурӯхта мешуд. Фурӯшандагон ҳамчунин аз камбуди ин маҳсулот шикоят доштанд.
Гароншавӣ ва камчинии семент дар ҷаласаи ҳукумати кишвар ҳам баррасӣ шуд ва Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи баамаломада изҳори нигаронӣ карда, сабаби онро ба таъмири бархе корхонаҳо дар мавсими сохтмон ва «фаъолияти миёнаравҳо» маънидод кард ва ба масъулин дастур дод, ки барои ба эътидол овардани вазъ талош кунанд.

Дар пайи ин, Хадамоти зиддиинҳисории кишвар рӯзи 31-уми май навишт, ки вазъияти бамиёномада «дар як шабонарӯз ба эътидол оварда шуд». Ҳоло нархи семент дар бозорҳои кишвар чанд аст, дар ин маводи мо хонед: «Хадамот гуфт, нархи семент арзон ва камчинӣ бартараф шуд. Мо ба бозор рафтем ва бо фурӯшандаҳо суҳбат кардем».

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий