< Ҷанг алайҳи Эрон сабаби қатъи бунёди корхонаи коркарди партов дар Суғд шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷанг алайҳи Эрон сабаби қатъи бунёди корхонаи коркарди партов дар Суғд шудааст

Ҷанг алайҳи Эрон сабаби қатъи бунёди корхонаи коркарди партов дар Суғд шудааст
​Бо оғози ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва ҷанг алайҳи ин кишвар сарнавишти яке аз лоиҳаҳои муҳими саноатии Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Суғд низ норӯшан шуд. Корхонаи муштараки коркарди партов, ки қарор буд бо сармоягузории Тоҷикистону Эрон бунёд шавад ва даҳҳо ҷойи нави корӣ таъсис диҳад, бинобар вазъи ноороми минтақа амалан мутаваққиф шудааст.

Бунёди корхонаи коркарди партов лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Эрон буда, бо 40 дарсад сармояи Эрон ва 60 фоиз аз Тоҷикистон сохта мешуд.

Муҳаммад Муҳаммадзода, роҳбари МОИ «Суғд» рӯзи 20-уми май дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, барои марҳилаи аввали лоиҳа 5 миллион доллари амрикоӣ (беш аз 46 миллиону 400 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ шуда буд ва интизор мерафт, ки аз 30 то 50 нафар дар коргоҳ бо кори доимӣ таъмин шаванд.

Ба қавли ӯ, тибқи лоиҳа, дар корхона истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ва равғанҳои молиданӣ аз партов ба роҳ монда мешуд ва иқтидори солонаи корхона 200 тонна арзёбӣ мегардид. Корхона бояд дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд бунёд мешуд.



«Соҳибкорони эронӣ омада, ҷойро диданд ва мувофиқ донистанд. Як „контейнер“ (қуттӣ) ҳам оварданд ва аз хукумати шаҳр барои бунёди корхона 2 гектар замин талаб карданд. Раиси шаҳр барои ҷудо кардани замин розӣ буд», — афзуд Муҳаммадзода.                                         
Ба гуфтаи ин масъул, ҳанӯз пеш аз судури қарори раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи ҷудо кардани замин, ҷанги Исроилу Амрико ба зидди Эрон оғоз шуд ва соҳибкорони эронӣ ба ватани худ баргаштанд.
«Мо низ хурсанд будем, ки ҳам корхонае барои коркарди партов бунёд мешавад, ҳам ҷойҳои нави корӣ фароҳам мешаванд ва ҳам то ҷое барои ҳалли мушкили партов  мусоидат мекунад. Аммо ҷанг дар Эрон ин ҳамаро барбод дод. Соҳибкорони эронӣ чанд бор иқдоми омадан карданд, аммо наомаданд ва дигар тамос ҳам нагирифтанд», — илова кард ӯ.
                                                                                    
Бояд гуфт, дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд 51 корхона ва ташкилот фаъолият дорад, ки аксари онҳо ба коркарди маҳсулоти саноати ихтисос дода шудаанд. Аммо то ҳол ягон корхона барои коркарди партов нест.   
                                           
Дар пасманзари афзоиши ҳаҷми партовҳои маишӣ ва саноатӣ дар вилояти Суғд, масъалаи коркарду безараргардонии онҳо солҳои охир ба яке аз мушкилоти муҳими экологӣ дар минтақа табдил ёфтааст. Бо вуҷуди фаъолияти даҳҳо корхонаи саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд, то ҳол дар ин минтақа корхонаи бузурги муосири коркарди партов вуҷуд надорад.
Бисёре аз партовҳо дар партовгоҳҳо ҷамъ мешаванд, ки метавонад ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ин лиҳоз, бунёди корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон барои коркарди партов яке аз лоиҳаҳои муҳим арзёбӣ мешуд.


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий