< Муҳокимаи Тошиев ва ҳамроҳонаш дар Қирғизистон оғоз шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муҳокимаи Тошиев ва ҳамроҳонаш дар Қирғизистон оғоз шудааст

Муҳокимаи Тошиев ва ҳамроҳонаш дар Қирғизистон оғоз шудааст
​​Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ҳамроҳ бо Тошиев дар ин парванда номи ҳафт нафари дигар, аз ҷумла Қурмонқул Зулушев додситони кулли собиқ ва Нурланбек Тургунбекулу раиси собиқи порлумони Қирғизистон ҳаст.

Парвандаи ҷиноӣ мӯҳри махфӣ дорад ва муҳокима бидуни ҳузури хабарнигорон сурат мегирад. Қамчибек Тошиев, дӯсти наздики раиси ҷумҳур Содир Ҷабборовро, ки аз соли 2020 раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар Қирғизистон буд, худи Ҷабборов рӯзи 10-уми феврал аз мақомаш барканор кард.

Номи Қамчибек Тошиев дар Тоҷикистон низ ошност, зеро ӯро яке аз дастандаркорони асосии муноқишаҳои хунини байни Қирғизистону Тоҷикистон медонанд, ки сари тақсими манотиқи баҳсбарангези марзӣ сурат гирифта буд.

Пеш аз барканории Тошиев дар моҳи феврал, иддае аз фаъолони маданӣ ва мансабдорони қирғиз бо нашри як муроҷиатномае хостори баргузории интихоботи зудраси президентӣ дар Қирғизистон шуданд. Санадро 75 нафар имзо карданд ва панҷ тани онҳоро баъд аз чанде мақомоти интизомӣ дастгир карданд.

Содир Ҷабборов он замон, гуфт, Қамчибек Тошиевро бинобар зарурати таҳкими ваҳдати давлатӣ ва ҷилавгирӣ аз тафриқаандозӣ дар ҷомеа аз мақомаш сабукдӯш кардааст. Чанде пас аз барканории Ташиев, дар ҳукумати Қирғизистон низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Раҳбарони Вазорати ҳолатҳои фавқулода, Вазорати ҳифзи муҳити зист, Вазорати нақлиёт, Вазорати тандурустӣ ва муовини раиси девони вазирон аз мақомҳои худ маҳрум шуданд. Раиси порлумон ҳам аз вазифааш рафт.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар ин замина бо иттиҳоми ташкили бетартибиҳои оммавӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тамоми 75 нафареро, ки зери муроҷиатнома бо даъвати интихоботи нав имзо карда буданд, ба бозпурсӣ хонданд ва панҷ нафарашонро ҳам боздошт карданд.


Сарчашма: ozodi.org​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий