< Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд

Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд
​Зимни мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ баррасӣ гардид.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз дастгирии доимии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ аз талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи амалисозии афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Баргузории Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе имконияти мусоид барои таҳкими муколамаи байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувор номида шуд.
Ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои мутобиқшавӣ ба иқлим, идоракунии устувори захираҳои замин, ҳифзи ҷангал ва дастгирии иқтисоди «сабз» таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.


Густариши ҳамкорӣ дар самтҳои ҳифзи растаниҳо ва гуногунии биологӣ, амнияти фитосанитарӣ, рушди низомҳои устувори истеҳсолӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонии соҳа муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин оид ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Созмон доир ба таҳкими иқтидори бахшҳои кишоварзӣ, дастгирии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, рушди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахши агроозуқаворӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Мудири кулли Созмон вобаста ба таъсиси Гӯшаи Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ ва ворид гардидани гӯсфанди ҳисорӣ ва ангури тоифии дараи Алмосӣ ба феҳристи Системаи мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ изҳори сипос намуданд.

Зимни суҳбат омодагии Тоҷикистон аз идомаи ҳамкории судманд бо Созмон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид гардид.



Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий