Боздошти хабарнигорон дар Афғонистон ба кори рӯзмарраи Толибон табдил шудааст
Дар баёнияи Созмони ҳимоят аз расонаҳои Афғонистон нисбат ба боздошти хабарнигорон аз сӯи гурӯҳи террористии Толибон изҳори нигаронӣ карда ва афзудааст, ки дар як ҳафтаи гузашта дастикам се хабарнигор боздошт шудаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки Имрон Дониш ва Мансур Ниёзӣ, хабарнигорони «Tolo News» ва ҳамчунин, Ҷовид Ниёзӣ, масъули «Хабаргузории пайгард» дар ҳафтаи ахир аз ҷониби Толибон боздошт шудаанд.
Созмони ҳимоят аз расонаҳои Афғонистон аз ниҳодҳои фаъоли Созмони Милал ва Иттиҳоди Аврупо дар Афғонистон хостааст, ки заминаи озодии ин хабарнигорон аз зиндони Толибонро фароҳам кунанд.
Ин ниҳод хотирнишон кардааст, ки Толибон пас аз тасаллути дубора бар Афғонистон, ҳудуди 400 хабарнигорро зиндонӣ кардаанд.
Гурӯҳи террористии Толибон то кунун дар бораи боздошти ин хабарнигорон вокунише нишон надодаанд.
Созмонҳои ҳомии расонаҳо аз авҷи боздошти хабарнигорон аз сӯи Толибон изҳори нигаронӣ кардаанд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)