< Созмони Милал: занони худсарпараст дар Афғонистон бештар дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Созмони Милал: занони худсарпараст дар Афғонистон бештар дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд

Созмони Милал: занони худсарпараст дар Афғонистон бештар дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд
​Бахши занони Созмони Милал рӯзи 7-уми май дар як таҳлил дар бахши кумакҳои башардӯстона гуфтааст, заноне, ки зиндагониашонро худ таъмин мекунанд, бештар аз дигарон дар маърази ноамнӣ ва фишорҳо қарор мегиранд.

Бар асоси таҳлил, норасоии хӯрока дар хонаводаҳои зансарпараст бисёр баланд.

Бахши занони Созмони Милал таъкид кардааст, ки маҳдудиятҳо алайҳи занон, духтарони хурдсолро низ дар маърази издивоҷҳои зудҳангом ва маҷбурӣ қарор медиҳад.

Гуфтанист, ки пас аз тасаллути дубораи гурӯҳи террористии Толибон бар Афғонистон, маҳдудиятҳо дар тамоми бахшҳои зиндагии занон ҷорӣ шуда ва амалан онон аз мушорикати иҷтимоӣ ва сиёсӣ маҳрум шудаанд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий