Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидаҳои селу обхезӣ дар Кӯлоб кумак фиристодааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми май ба осебдидаҳои селу обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб кумаки миддӣ равон кардааст.
Тибқи иттилои Хадамоти мтабуоти раиси вилояти Хатлон, ин ёрӣ аз ҷумла, 230 тонна орд, 10 тонна шакар, 10 тонна макарон, 6,5 тонна биринҷ ва 6500 литр равғани растаниро дарбар мегирад. Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, «барои фароҳам овардани шароити муваққатии зист 3 ошхонаи саҳроӣ, даҳҳо кат ва лавозимоти хоб, 350 хайма, 900 қолин, инчунин, беш аз 1000 маҷмуи либос ва пойафзоли кӯдакона» ба осебдидадагони офати табиӣ ирсол шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи боришоти шоми 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб, обхезӣ рух дод, ки дар натиҷа се кас ҷони худро аз даст дода, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомот гуфтанд, дар сели Кӯлоб 850 оила зарар дидааст.
«Илова бар ин, ҷиҳати барқарорсозии инфрасохтор ва беҳтар кардани шароити зиндагии сокинон дастгоҳҳои таъминкунандаи об, садҳо метри мукааб тахта ва 60 тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол дода шуд. Ҳамчунин, ба оилаҳои зарардида асбобу анҷоми рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ барои барқарор кардани манзилҳои зисташон расонида шуданд», — навиштааст манбаъ.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)